НАМОИШИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ ДАР МИНСК
Маскав, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Аз 10 то 14 феврали соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия – шаҳри Минск бо ташаббуси Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалии китоб баргузор гардид. Дар он бештар аз 30 ҷилд китоб намоиш дода шуд, ки аз ин ё он ҷиҳат ба адабиёти тоҷик марбут буда, бо дастгирии молиявии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ нашр карда шудаанд. Котиби матбуоти фонди мазкур Александр Калугин ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки китобҳои зикршуда дар давоми солҳои 2008 – 2009 чоп шуда, дар озмунҳои байналмилалии панҷум ва шашуми давлатҳои ИДМ соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардидаанд. Китобҳо аз силсилаи «Адабиёти классикии давлатҳои ИДМ», асарҳои А.С.Пушкин ба забонҳои тоҷикию русӣ, маҷмӯаи ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, афсонаҳои халқии тоҷикӣ таҳти унвони «Кӯзаи нуқрагии пур аз афсона», китобҳои дарсӣ барои мактабҳои русзабони мамлакатҳои ИДМ, китоби дарсии «Забони тоҷикӣ», китоби дарсии «Синтаксиси забони адабии муосири рус» барои мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ, «Забони русӣ» барои синфҳои болоии мактабҳои русзабони Тоҷикистон ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






