НАМОЯНДАИ &#1202ИЗБИ &#1202ОКИМ БО &#1202ИЗБИ НА&#1202ЗАТ ДАР ЯК ҲАВЗА &#1178УВВА МЕОЗМОЯНД

Февраль 8, 2010 17:16

Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То имрӯз дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии №3 Шоҳмансур,  9 вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Шоҳмансур № 3 Абдулло Холиқов. Мавсуф афзуд, ки чунин вохӯриҳо дар маҳаллаҳои Шоҳмансур -2, Ховарон -1 ва 2, Бӯстон,  Роҳи нав, Хайробод,  Зебуниссо, Бедил ва Улуғбек баргузор гашта,  номзадҳо дар ин вохӯриҳо барномаи пешазинтихоботии худро, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудааст, ба мардум муаррифӣ намуданд. Бояд зикр кард, ки дар ин ҳавза 60 ҳазор райъдиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Абдулло Холиқов гуфт, ки дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии №3 Шоҳмансур дар маҷмӯъ 5 номзад -Сафаралӣ Раҷабов намояндаи  Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон,  Гулбарг Файзова аз  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳилола Акрамова, Гулҷаҳон Назарова ва Ҷумъақул Холматов ба таври худпешабрӣ ба қайд гирифта шудаанд.        Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии  №3 Шоҳмансур 53 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, то имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти ҳуҷҷатгузории  ҳайати комиссияи участкаҳо ва раисони он ду маротиба машғулияти омӯзиши гузаронида шуд ва дар оянда ташкили чунин чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.

Февраль 8, 2010 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад