НАШРИ «ГУЛИСТОНИ ҒАЗАЛ» ДАР «ПАЙВАНД»

Февраль 1, 2010 16:31

Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Пайванд» маҷмӯаеро таҳти унвони «Гулистони ғазал» ба тозагӣ аз чоп баровард. Дар ин маҷмӯа шоир ва адабиётшиноси тоҷик Раҷабалӣ Худоёр беҳтарин шеъру ғазалҳои шоирони гузашта ва муосири эронӣ,  ба мисли Ҳазрати Имом Хумайнӣ, Сурӯши Исфаҳонӣ, Адиби Нишопурӣ, Эраҷ Мирзо, Ҷаннати Фаслибаҳор, Орифи Қазвинӣ, Маликушшуарро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ,  Жола Бадеъ, Мирзода Ишқӣ, Саид Нафисӣ,  Фурӯғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Сиёвуши Касроӣ, Нодири Нодирпур, дар маҷмӯъ ашъори  205 шоири Эронро гирд овардааст.  Бояд зикр кард, ки адабиётшиноси тоҷик шеъру ғазалҳои шоирони эрониро аз дигар китобҳо ва маҷмӯаҳо бо тартиби хос гирд овардааст. Иддае аз ғазалу шеърҳои шоирони эронӣ аз ҷониби бархе аз овозхонони тоҷик ба оҳанг дароварда шуда, суруда мешаванд.  «Гулистони ғазал» бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи  фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кириллӣ дар ҳаҷми беш аз 700 саҳифа пешкаши хонандагон гардидааст. Ҳамчунин дар анҷоми китоб луғатнома ва тавзеҳот ҷо дода шудааст.

Февраль 1, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад