НАШРИ ВАРАҚАҲОИ РАЙЪДИҲӢ ШУРӮЪ ШУД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашри варақаҳои овоздиҳӣ (бюллетенҳо) шурӯъ кард. Тибқи иттилоъи роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов, варақаҳои овоздиҳӣ аз варақаҳои овоздиҳии интихоботи солҳои қаблӣ фарқ дошта, онҳо бо рангҳои сафед, зардча, осмонӣ ва гулобӣ нашр мешаванд. Муҳибулло Додоҷонов гуфт, ки бюллетенҳо 15 рӯз қабл аз баргузории интихоботи парлумонӣ ба ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ тақсим карда мешавад. Дар интихоботи парлумонӣ, ки 28 феврал дар Тоҷикистон баргузор мегардад, 41 ҳавза ва 3 ҳазор участкаи интихоботӣ ташкил дода шудааст. Дар назар аст, ки дар интихоботи парлумонӣ 3 миллиону 400 ҳазор райъдиҳандагон иштирок намуд, вакилонро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб мекунанд. Инчунин, Муҳибулло Додоҷонов афзуд, ки қариб дар 20 кишвари ҷаҳон, ки дар онҳо намоядагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Аз ҷумла, дар як чанд шаҳрҳои Федератсияи Русия, ки тибқи маълумотҳои оморӣ беш аз 500 ҳазор муҳоҷирони тоҷик кору фаъолият доранд, нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода шуда, варақаҳои овоздиҳии махсус фиристонида мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






