НИШАСТИ АНЪАНАВӢ ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 18, 2010 11:22

Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат 19 феврал дар Душанбе бо ибтикори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои миллии муқими Тоҷикистон нишасти анъанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ташкил карда мешавад. Назар ба иттилоъи  мушовири Комиссияи миллии Ҷумҳуроии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сӯҳроб Мирзоалиев, Рӯзи байналмилалии забони модарӣ аз соли 2005 –ум инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар нишасти анъанавӣ, ки 19 феврал таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар ҳимояи забонҳои модарии ақаллиятҳои миллӣ» баргузор мегардад, масъулини Бунёди забони тоҷикӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Ҷамъияти «Пайванд» ва намояндагони ҷамъиятҳои миллии муқими Тоҷикистон ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба рушди забонҳои модарии гуногунро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

Февраль 18, 2010 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад