НОКОМӢ ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – БИШКЕК
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафарҳои ғаразноки шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Душанбе ба самтҳои дигари хориҷи кишвар анҷом меёбанд, дар бисёр маврид ба нокомӣ мерасанд, — иброз доштанд дар гумруки майдони ҳавоии пойтахт ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо вуҷуди он ки дар давоми солҳои охир чандин шаҳрвандони хориҷӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хатсайрҳои ҳавоию роҳи оҳан ва нақлиётӣ боркашонӣ дар самти ҳаракати Душанбе ва хориҷи он дастгир шуда, паси панҷара мешинанд, аммо кам шахсоне ёфт мешавад, ки аз ин дарси ибрат гирифта бошанд. Ҳафтаи сипаришуда, бори аввал дар хатсайри Душанбе – Бишкек як шаҳрванди Федератсияи Русия ва ду шаҳрванди Литва бо 5 кило маводи нашъаовар дастгир шуданд. Оид ба ин воқеаи дар майдони ҳавоии Душанбе рух дода парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, алоқаи байни нашъаҷаллобон тафтиш карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






