«ОPЕL-VECTRА»-И НАШЪАДОР
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб якчанд далели муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор карда шуд. Тибқи маълумоти аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, 17 феврали соли равон дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз назди бозори марказӣ автомашинаи тамғаи «Оpеl-Vectrа» рақами давлатиаш АК 23 06 РТ 03 ба шаҳрванд Муродалӣ Мирзоалиеви 27 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад, дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии дохили автомашинаи мазкур аз назди курсии мусофир 800 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Маводи нашъадори мазкур ба мусофири дохили автомашина Нуралӣ Ғуломови 44 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб тааллуқ дошт. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






