ПАРДОХТИ ҚУВВАИ БАРҚ ИН ҚАРЗИ ҲАР ЯК КОРХОНА АСТ
Ваҳдат, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Зимни сӯҳбат муовини раиси шаҳри Ваҳдат Хайриддин Камолов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар соли 2009 барои тайёр намудани хатҳои интиқоли қувваи барқ ва зеристгоҳҳо корҳои муайяне ба анҷом расид. Аз тарафи шабакаи барқи шаҳр дар кабелҳои зеризаминии 10 кВ хатҳои ҳавоии 10 кВ. корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ гузаронида шуд. Хатҳои ҳавоии кӯчаҳои Рӯдакӣ, Меҳнат, Ҷомӣ деҳаи Пистамазор, Лолазор, Чиртак, Бостон, Панҷикон, Гешӣ, Шоразм, Зардолу аз шохаҳои дарахтон тоза карда шуданд. Хатҳои кабели зеризаминии кӯчаҳои Рӯдакӣ, Салимзода Ватан Туғдона, ки ба садамаи барқӣ дучор шуда буданд, пурра аз таъмир бароварда шуданд. Инчунин зеристгоҳҳои барқии деҳаҳои Меҳробод, Чортеппа, Чомрӣ, Файзбахш кӯдакистони Роҳатӣ ва кӯчаи Бинокорон аз таъмир бароварда шуданд. Соли 2009 аз аҳолӣ ва корхонаҳо маблағи ҷамъоварӣ аз қувваи барқ 10 млн. 871 ҳазору 090 сомониро ташкил дод, ки ин 77 фоизи нақшаро ташкил дод. Аҳолии шаҳр аз истифодаи қувваи барқ қарздор нест. Қарзи корхонаҳо 180 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шабакаи барқи шаҳри Ваҳдатро зарар аст, ки оид ба сари вақт пардохт намудани қарзи корхонаҳоро чораандешӣ намояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






