ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ — РО БА ҶАШНИ ҒАЛАБА ДАЪВАТ НАМУД
Маскав, 5 феврал. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). – Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев сарони давлатҳои ИДМ – ро даъват намуд, ки дар ҷашни 65 – солагии Ғалаба иштирок намоянд. Ҷашни мазкур 9 май дар шаҳри Маскав гузаронида мешавад. Инчунин ба шарафи иди Ғалаба дар пойтахти Русия мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев хабар дод. Вай зикр намуд, ки соли 2011 ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 20 сол пур мешавад. Дар Маскав бахшида ба ин санаи муҳим мулоқоти роҳбарони давлатҳои ИДМ ташкил карда хоҳад шуд. С.Лебедев изҳор намуд, ки раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро айни ҳол Русия ба ӯҳда дорад. Дар ҷараёни раёсати Русия дар доираи ИДМ тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Яке аз онҳо гузаронидани анҷумани иқтисодии давлатҳои ИДМ дар Маскав 5 марти соли равон мебошад. Инчунин 26 март маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Баъдан дар доираи анҷумани иқтисодии Петербург бо иштироки муовинони сарвазирони мамлакатҳои Иттиҳод машварат гузаронида хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






