САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ ОВОЗХОНИ МАШҲУРРО ТАБРИК НАМУД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев, раиси Шӯрои минтақавии Созмони ҷамъиятии «Маркази фарҳангии тоҷикон» Хуршеда Ҳамроқулова, инчунин кормандони сафорат 31 январ ба аёдати Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова рафта, ӯро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик намуданд. А.Достиев ҳунарпеша ва овозхони машҳурро табрик намуда, гуфт, ки мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ӯ 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Сафир зикр намуд, ки халқи тоҷик саҳми калони Ҳанифа Мавлоноваро дар рушди санъат ва ҳунари миллӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Овози беҳамтои Ҳ.Мавлонова имрӯз ҳам дар барномаҳои радио ва телевизиони тоҷик садо медиҳад. Ҳанифа Мавлонова дар саросари ҷаҳон ҳамчун хонандаи беҳтарини сурудҳои «Шашмақом» ва сурудҳои дигари анъанавии миллӣ ва классикӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Мавсуф тӯли солҳои фаъолияташ дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода теъдоди хеле зиёди ҳунармандонро тарбия намуда, ба майдони ҳунар раҳнамун сохтааст. Ҳ.Мавлонова аз сафир хоҳиш намуд, ки аз номи ӯ ба Президент ва халқи Тоҷикистон барои ғамхорӣ ва кӯмакашон изҳори сипос намояд. Аз дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки духтари Ҳанифа Мавлонова — Гулнор баъди мулоқоти сафир бо модараш ба сафоратхона мактуб навишта, изҳори сипос намудааст. Дар мактуби ӯ инчунин гуфта мешавад: «Аз он хурсандам, ки Шумо вақт ёфта ба аёдати модари ман омадед ва ӯро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик кардед. Ҳамон рӯз хушбахтии модари маро ҳадду канор набуд. Аёдати Шумо барои модарам ид мебошад. Умедворам, ки кормандони сафорат минбаъд ҳам вақт ёфта, ба аёдати ӯ хоҳанд омад. Чунин мулоқотҳо дили модарамро ба ватан гармтар месозанд». Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҳанифа Мавлонова соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1936 Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро хатм кардааст. Тӯли солҳои 1937 – 39 дар Театри тамошобини навраси Ленинобод кор карда, аз соли 1939 то соли 1943 овозхони театри мусиқии мазҳакавӣ буд. Аз соли 1943 ҳунарпешаи Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ буд. Ҳ.Мавлонова солҳои 1952 – 59 дар Консерваторияи Маскав таҳсил кардааст. Ӯ сазовори унвони олии Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст. Ҳанифа Мавлонова дар операҳои «Пӯлод ва Гулрӯ», «Евгений Онегин», «Княз Игор», «Трубадур», «Найрангҳои Майсара», «Домоди номдор» ва ғайра нақшҳои асосии занонаро бозӣ кардааст. Ӯ депутати Шӯрои олии ИҶШС даъвати чорум буда, бо ордени Ленин ва ордену медалҳои дигар мукофотонида шудааст.








ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






