СЕМИНАР БАХШИДА БА МАСЪАЛАИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 22 феврал дар Пажӯҳишгоҳи химияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Вокуниши таъҷилӣ ба вазъияти радиатсионӣ» семинар кушода шуд. Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии байналмилалии энергияи атом, намояндагии минтақавии маркази назорату пешгирии бемориҳои ИМА дар Осиёи Марказӣ, Маркази омӯзиши муноқишҳо ва фалокатҳои ғайритабии Агентии байналмилалии энергияи атом ва Агентии таъмини бехатарии атомии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар семинар коршиносони Агентии байналхалқии энергияи атом аз Қазоқистон ва Русия Александр Осинцев ва Борис Петров, инчунин кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ, Пажӯҳишгоҳи гастроэтерология, намояндагони вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ташкилоту идораҳои дигари дахлдор иштирок доранд. Семинар то 27 феврал давом мекунад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






