СОҲИБКОРОНИ ТУРКИЯ БА СОХТМОНИ НБО «РОҒУН» МАРОҚ ЗОҲИР МЕКУНАНД
Анқара, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — 4 феврал дар Анқара маҷлиси Шӯрои масъалаҳои ҳамкории иқтисодии берунии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, шӯроҳои ҳамкории иқтисодии дуҷониба, вазоратҳо, идораҳо ва корхонаю ширкатҳои калонтарини Туркия ширкат варзиданд. Дар маҷлис вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудӯғлӣ, вазири энергетика ва захираҳои табиӣ Танер Йилдиз ва вазири давлатии ин мамлакат Зафар Чоғлоён маърӯза карданд. Дар маҷлис сафири Ҷумҳурии Точикистон дар Туркия Шӯҳрат Султонов низ ширкат варзид ва сухан кард. Вай ҳозиронро бо вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркия шинос намуд. Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои гузоштани маблағ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар Тоҷикистон захираҳои сарватҳои табий хеле фаровонанд. Ҳоло дар озмуни ба даст овардани ҳуқуқи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани кони нуқраи «Кони Мансури калон» ширкати «Йилдизлар» — и Туркия низ иштирок дорад. Сафир таваҷҷӯҳи соҳибкорону тоҷирони туркро ба барномаҳои гуногуни иқтисодии дар Тоҷикистон тарҳрезӣшуда ҷалб намуд, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёманданд. Ш.Султонов изҳор намуд, ки захираи умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад, имрӯз ҳамагӣ 5 фоизи он истифода бурда мешавад. Сафир дар ҷавоби саволи ҳозирон дар бораи аҳамияти сохтмони НБО «Роғун» ба иқтисодиёти Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҳамкории Тоҷикистону Туркия баъди сафари расмии Президенти ин мамлакат Абдулло Гул ба Тоҷикистон моҳи майи соли 2009 ба бештар вусъат ёфтани муносибатҳои ҳар ду мамлакат кӯмаки калон расонд. Моҳҳои август ва декабри ҳамон сол намояндагони баъзе ширкатҳои Туркия ба Тоҷикистон омада, бо шароити ҳамкорӣ шинос гардиданд. Айни ҳол баъзе ширкатҳои Туркия бо Тоҷикистон барои тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии Қайроққум, Варзоб ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ паймон кардаанд. Ширкати дигари Туркия қарор додааст, ки дар Тоҷикистон барои истеҳсоли қубурҳо барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ корхонаи муштарак бунёд намояд. Шӯҳрат Султонов дар хотима ширкатҳои Туркияро даъват намуд, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон бештар сармоя гузоранд. Ин ба вусъат ёфтани ҳамкории иқтисодии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард, гуфт сафири Тоҷикистон.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






