СОДИРОТИ ЛУБИЁГӢ 6 МАРОТИБА АФЗУДААСТ

Февраль 2, 2010 15:01

 Суғд. 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Соли 2009 аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир карда шудааст, ки нисбат ба соли 2008  30 ҳазор тонна зиёд аст. Соли  гузашта аз вилояти Суғд зиёда аз 1000 нафар соҳибкорон ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғул шуданд. Содироти меваи тару тоза, сабзавот, полезиҳо хусусан ба Федератсияи  Русия ва Қазоқистон зиёд гардидаст. Соли сипаригашта содироти меваи хушк зиёда аз 80 ҳазор тонна ва пиёз 60 ҳазор тоннаро ташкил дод. Содироти лимую хурмо, анор, мағзи чормагзи заминӣ давра ба давра зиёд шуда истодааст. Ё худ талабот ба маҳсулоти лубиёгӣ дар Афғонистону Эрон зиёд шуда ва соли 2009 аз вилояти Суғд ба ин давлатҳо содироти лубиё ба 23 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба соли 2008 қариб 6 маротиба зиёд аст. Яке аз омилҳои зиёд шудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти деҳқонон аст. 

Февраль 2, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад