СОЛИ 2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ
Ваҳдат, 15 феврал. (АМИТ»Ховар» Зебо Давлатова). — Конфронс оид ба «Соли 2010 – соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шудан аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иқдоми неке буд гуфт, зимни сӯҳбат муовини мудири маорифи шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Бо ин эъломия аввалин конфронс дар мактаби рақами 67-и ба нми Раҷаб Раҳимов-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Директори мактаби мазкур Маҳмадраҷаб Буронов дар гузаронидани ин конфронс заҳмати беандоза сарф намудааст. Шиору овезаҳо оиди масоили «Соли 2010-соли маориф ва фарҳанги техникӣ», тавлиду кай сохта шудани нерӯгоҳҳои кишвар аз ҷумла нерӯгоҳҳои Варзоб. Вахш, Қайроққум, Норак, Бойғозӣ, Помир, Сангтӯда ва сохтмонҳои нави дар пеш истода, аз ҷумла Роғун. Шӯроб ва Даштиҷум хуб ба чашм мерасад. Дар конфронси баргузоргардида,муовини раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода,муовинони директорони тамоми мактабҳои шаҳр, намояндаҳо аз шӯъбаи маорифи шаҳр иштирок доштанд. Хонандагони синфҳои 11-и мактаби мазкур шеърҳо дар васфи НБО-и Роғун навиштаи шоирони маъруфи тоҷикро бо маҳорати баланд қироат намуданд. Инчунин викторинаи саволу ҷавоб дар миёни хонандагон баргузор гардид. Дар охир муовини мудири маорифи шаҳр Эркамоҳ Мирзоева оид ба харидории саҳмия барои бунёди нерӯгоҳи Роғун иброз намуд, ки маорифчиёни шаҳри Ваҳдат то имрӯз ба маблағи 1 млн. 829 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Ин қатрае аз баҳр аст. Дар оянда низ маорифчиён чунин конфронсҳоро дар тамоми мактабҳои шаҳр бахшида ба «Соли 2010-соли маориф ва фарҳанги техникӣ» гузаронида, боз баҳри ҳарчи тезтар ба истифода додани НБО – и Роғун саҳми худро мегузоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






