СОЗМОН ДОДАНИ ШАБАКАИ ОЗМОИШГОҲҲОИ БАКТЕРИОЛОГӢ ДАР ҶТ

Февраль 8, 2010 16:28

Душанбе,  8 феврал.(АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов бо намояндагони Хазинаи Глобалӣ, Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Бонки олмонии Рушд ва ҳайати Бонки олмонии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, тарафайн оид ба масъалаҳои Шабакаи мавҷудаи озмоишгоҳҳо ва тарҳи Шабакаи ояндаи   озмоишгоҳҳои бактериологӣ дар Тоҷикистон, сарбории кишти бактериологии оянда ва DST озмоишгоҳҳо, саҳми Хазинаи Глобалӣ ва Бонки Олмонии Рушд дар созмон додани Шабакаи  озмоишгоҳҳои бактериологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат оростанд.         Дар рафти сӯҳбат вазири тандурустии кишвар ба донорон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз кӯмаки донорон ба муассисаҳои озмоишгоҳии кишвар дар ҳақиқат зарур аст.             Қарор шуд, ки Бонки Олмонии Рушд таҷдиди озмоишгоҳро дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили Мачитон, ки ба талаботҳои стандартҳои байналмиллалӣ (BSL 3 TB) ҷавобгӯ аст, ба анҷом мерасонад. Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ин озмоишгоҳ Озмоишгоҳи Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид сохтмони озмоишгоҳ оид ба ВИЧ/СПИД, сил, ҳепатитҳои вирусӣ ва дигар бемориҳои сироятиро дар шаҳри Душанбе дастгирӣ менамояд.     «Шӯъбаи мо озмоишгоҳи беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили Мачитонро бо кӯмаки техникӣ ва барномаи таълими мутахассисон таъмин менамояд», қайд намуд Алберт Нейер — мудири Шӯъбаи бемориҳои сил, Маркази бемориҳои шуш ва ҷарроҳии синаи Гаутинг (ФРГ).

Февраль 8, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд