СТИПЕНДИЯҲОИ ФОНДИ РУШДИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ БА ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 26 феврал дар шаҳри Душанбе маросими супоридани дипломҳо ба гирандагони стипендияҳои ба номи Дмитрий Менделеев баргузор мегардад, ки онҳоро Фонди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Евразия» — и Федератсияи Русия таъсис додааст. Стипендияҳои ба номи Д.Менделеев ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар мактабҳои олии давлатӣ таҳсил карда, дар таҳсил, тадқиқоти илмӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти эҷодии мактабҳо саҳми калон гузоштаанд. Имсол ба рӯихати гирандагони стипендияҳои ба номи Д.Менделеев донишҷӯёни беҳтарини Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи давлатии кишоварзӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ дохил карда шуданд. Онҳо анъанаҳои беҳтарини донишҷӯёни солҳои гузаштаро давом дода, дар тадқиқоти илмӣ, таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва корҳои эҷодӣ фаъолона ширкат меварзанд. Тибқи нақша дар маросими супоридани стипендияҳо муовини раиси фонди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Евразия» Александр Герр, сармушовири раёсати барномаҳои ҳамкории маъмурияти Президенти Русия Сергей Новиков, вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон, академияи маорифи ҷумҳурӣ, роҳбарону намояндагони мактабҳои олӣ ва донишҷӯёну журналистон иштирок хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дар Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Обхозистон, Озарбойҷон ва Иристони шимолӣ филиалҳои фонд фаъолият доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






