ТАБИБОНИ ТОҶИК ДАР КИШВАРҲОИ АРАБ ИХТИСОС МЕКУНАНД

Февраль 18, 2010 11:18

Душанбе,  18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-  Маркази Ғуним дар назди Донишгоҳи Ал Мансури Ҷумҳурии Мисри Араб дар якҷоягӣ бо Бонки Исломии Рушд изҳор намудааст, ки барои ҳамкориҳо дар раванди такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ё даъвати коршиносон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст. Тавре аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд,  вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов бо Котиби генералии Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаноби Самоҳ Ситуҳи вохурӣ гузаронид. Дар вохӯрӣ масъалаи сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.             Дар   вохӯрӣ инчунин, қарор шуд, ки бо назардошти имкониятҳои Ҷумҳурии Мисри Араб дар масъалаҳои трансплантатсияи гурда ва ҷигар, бозомўзии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии хизматрасонии махсусгардонидашудаи тиббии мазкур дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.  

Февраль 18, 2010 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад