ТАЪМИРИ РОҲҲО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ваҳдат, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Таъмири роҳҳо дар шаҳри Ваҳдат соли 2009 барои таъмири роҳҳо аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки аз тарафи корхонаи «Рохсоз-7» ба маблағи 972 ҳазору 866 сомонӣ роҳи худуди деҳоти Б. Бурунов аз таъмир бароварда шуд, гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси шаҳри Ваҳдат Хайриддин Камолов. Ӯ афзуд, ки аз тарафи корхонаи сохтмони «Роҳи Тоҷик» роҳҳои кӯчаи Тугдона ба маблағи 193 ҳазору 981 сомонӣ кӯчаи Борбад К. Ёров ва Тошмухамедов ба маблағи 306 ҳазору 644 сомонӣ кӯчаи Д. Баротов ба маблағи 24 ҳазору 200 сомонӣ кӯчаи А. Зикиров ба маблағи 305 ҳазору 500 сомонӣ кӯчаи Улуғбек 128 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуда, таъмири роҳҳои кӯчаҳо ва ободонии кӯчаи Сомониён ба маблағи 296 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






