ТОҶИКИСТОНУ ИМА ХОҲОНИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бехатарии минтақавӣ, авзои Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳад 9 феврали соли равон дар ҷараёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Фиристодаи махсуси Президенти ИМА оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳоулбрук дар Вашингтон барраси гардиданд. Зимни сўҳбат Ҳамрохон Зарифӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон дар барномаи барқарорсозии Афғонистон фаъолона иштирок мекунад ва сохтмон ва ба истифда додани панҷ пули байналмилалии пайвасткунандаи Тоҷикистону Афғонистон дар дарёи Панҷи сарҳади ин ду кишвар мисоли возеҳи ин далелҳо мебошанд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед менамояд, ки Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷӯҳи худро ба амалисозии лоиҳаҳои минтақавии ба таъмини амну субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисоди ин кишвар мусоидаткунанда, афзун хоҳад намуд», -тазаккур дод вазир. Дар навбати худ Ричард Ҳоулбрук оид ба тасмими Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бобати бознигарии фарогири сиёсат ва стратегияи ин кишвар дар Афғонистон ва Покистон, талошҳои он баҳри истиқрори сулҳу субот ва амният дар минтақа изҳори назар кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






