ВАЗОРАТ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТРО АМАЛӢ НАМУД
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров, барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 24 – уми апрели соли 2009 ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 – уми августи соли 2009 дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат вазорат дар маҷмӯъ 1 млн. 975 ҳазор лампаҳои каммасрафи барқиро ба 244 ҳазору 625 оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тақсим карда дод. Ин тадбир имконият медиҳад, ки дар давоми сол ҳар як оила аз 150 то 200 сомонӣ маблағашро сарфа намояд. Ҷамъи маблағҳои сарфашудаи оилаҳои камбизоат дар як сол 48 миллиону 825 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






