ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА

Март 12, 2010 13:57

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина. —  Талабаи синфи  11 гимназия —  интернати  муштараки  Тоҷикистону  Русия  Афзали  Беҳрӯз   дар  Олимпиадаи  кушоди  талабагони   мактабҳои   миёнаи  саросари  Русия, ки  аз 7  то  9  март  дар  Донишкадаи  физикию  техникии  Маскав  баргузор  гардид,  ҷои  дуюмро  гирифта,  ба  дипломи  дараҷаи  дуюм  соҳиб  шуд. Дар  натиҷа  талабаи  тоҷик  ҳуқуқ  пайдо  кард, ки   ба  яке  аз  донишгоҳҳои  бонуфузи Федератсияи  Русия  бо  шартҳои  имтиёзнок дохил  гардад. 9 талабаи  дигари  ҳамин гимназия  ҳамчун  ғолибон  ва барандагони  ҷоизаҳои  олимпиадаҳои  интернетӣ  даъват  карда  шуданд, ки   аз рӯи  фанҳои  физикаю  математика ва  барномасозии  компютерӣ  дар  олимпиадаҳои  оянда  ширкат  варзанд. Инчунин  ду талабаи  гимназия  дар  олимпиадаи  физика,  3  нафари дигар  дар  олимпиадаҳои  технологияи  иттилоотӣ,  механика  ва  оптика ва  4  нафари дигар  дар  олимпиадаи  математика  иштирок  хоҳанд  кард. Дар  мавриди ғолиб омадани  талабагони тоҷик  онҳо ҳуқуқ  пайдо  мекунанд, ки  бе  имтиҳони  дохилшавӣ  ба  мактабҳои олии  Русия  қабул  шаванд.

Март 12, 2010 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад