ҲАДЯИ НАВРӮЗӢ БА СОКИНОНИ ҲИЛОЛӢ
Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи иди Наврӯз дар деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ воқеъ дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон мактаби нави замонавии №46 сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани он вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва муовини раиси вилояти Хатлон Ҳ. Ҳакимова ширкат намуданд. Мактаби мазкур дар асоси лоиҳаи Раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва сохтмончиёни ҶДММ -и «Ниагара-А»-и шаҳри Душанбе ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шуд. Бинои мактаб аз 12 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ ва дафтарҳои кории омӯзгорону маъмурият иборат буда, дар як баст 288 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мактаби №46 саввумин мактаб аст, ки дар соли 2010, ки Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






