ҶАСАД ДАР НАЗДИ МАКТАБИ МИЁНАИ №1
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Субҳи имрӯз дар наздикии бинои мактаби рақами 1, воқеъ дар кӯчаи Тоҷикистон ноҳияи Ёвон ҷасади духтари тахминан 20 сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Диловар Гулмирзоеви 29 сола бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир гардид. Мувофиқи тафтишоти пешакӣ шаби 9 ба 10 марти соли равон Д. Гулмирзоев бо санг ба сари ҷабрдида зада ӯро аз пой меафтонад. Дар натиҷаи гирифтани зарб духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Оид ба ҷинояти вазнин парвандаи ҷиноӣ боз шуда, далели шайъӣ дарёфт гардид. Тафтишот идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






