ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ОСОРХОНА СУПОРИДА ШУД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Ҳадафҳои асосии рушди ҳазорсола», ки чанд рӯз пеш ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуда буд, имрӯз ба Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод тақдим карда шуд. Э.Раҳмон барои саҳми бузургаш дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба ин ҷоиза сазовор гардида буд. Директори осорхона Абдувалӣ Шарифов ба АМИТ «Ховар» дод, ки ҷоизаи Президент дар ганҷинаи осорхона таҳти рақами махсус ба қайд гирифта, дар толори махсуси ба Президент бахшидашуда, ба намоиш гузошта шуд. Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон нахустин барандаи ҷоизаи СММ дар масъалаи ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






