27 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ
Душанбе,19 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил моҳи апрели соли 2011 ҷамъбаст мегардад. Боис ба ёдоварист, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми августи соли 2009 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» бо назардошти аҳамияти умумидавлатӣ доштанаш, дар давраи аз 21 то 30 – юми сентябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти давлатии омор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ 27 млн. сомонӣ ҷудо намудааст. Дар ин барӯйхатгирӣ 750 нафар ҳисобчиён ширкат меварзанд, ки пеш аз оғози маъракаи барӯйхатгирӣ барои омӯзиш ба курсҳои махсус фаро гирифта мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






