732 НАФАР БА ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Март 16, 2010 17:44

Душанбе, 16  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). —  Имрӯз 16 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ярмаркаи чойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз якуним ҳазор корҷуяндагон иштирок намуда,  теъдоди 31 ширкатҳои саҳҳоми ва субьектҳои хочагидор фаъолона ширкат варзиданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар ярмаркаи чойҳои кории холӣ шаҳрвандон аз рӯи ихтисосҳои муҳандис, меъмор, хиштчин,   сохтумончи, кафшергари барқи, ронанда, муҳандис ва дигар ихтисосҳо дар кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Мамлакати Арабистони Сауди ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  пешкаш гардида буданд. Дар  чорабинии мазкур субъектҳои хоҷагидори корхонаи Биржаи меҳнатии ҷавонон, ҶДММ «Замони Юнус», ҶДММ «Грант», ҶДММ «Томсон», ҶДММ «Олами саёҳат», ҶДММ «Веритас», ҶДММ «Нио-Чао», ҶДММ «Муҳоҷират -ТҶ», ҶДММ «АСПМК-519», ҶДММ «Муҳоҷир», ҶДММ «Маркази суннатии тоҷикон», ҶДММ «Экзчейндж Партнёрз», ҶСП «Си Эйч Эл Интернешнл», ҶДММ «Авранги кабуд», ҶДММ «Сингда», ҶДММ «Ормон» ва дигар ширкатҳо иштирок намуда, 732 нафар хоҳишмандон  ба ҷойҳои кори холӣ роҳхат гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар рафти ин чорабинии муҳим аз ҷониби ҳайати шахсии Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ва субьектҳои хоҷагидори дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират ба маблағи 53 ҳазору сесад сомони барои НБО-и Рогун саҳмия харидори гардид. Инчунин,  бояд қайд намуд, ки  охири моҳи марти соли равон аз ҷониби ширкати Замони Юнус, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират иҷозатнома дода шудааст ба теъдоди 1250 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати Арабистони Сауди фиристода шуда, бо ҷойҳои кории холи таъмин хоҳанд шуд.      

Март 16, 2010 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад