АМОНАТБОНК: ХАРИДИ САҲМИЯҲО ДАР НАВРӮЗ

Март 25, 2010 09:00

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Наврӯзи имсола дар саросари кишвар бо шодию фараҳ ва иқдомҳои наҷиб сурат гирифт. Мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳо дар ин рӯзҳои наврӯз  матонату шарафмандӣ ва садоқати бепоёни худро нисбат ба Ватан ва кишвари азизамон Тоҷикистон нишон доданд. Дар ин замина тамоми аҳли кормандони Дастгоҳи марказии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Наврӯзи фархундапай, ҳимматбаландона ба миқдори як музди маоши моҳонаи худ аз саҳмияҳои ҶСШК «НБО Роғун», ки маблағи 206 хазору 500сомониро ташкил медиҳад, харидорӣ намуданд. Аз оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои иншооти мазкур, Бонк аз ҳисоби даромадҳои худ ба маблағи 13 миллиону 180 хазор сомонӣ саҳмияҳои ҶСШК «НБО Роғун»-ро харидорӣ намуд. «Ин иқдоми наҷиб идома ёфта, то анҷоми маъракаи мазкур дар ҳар иду ҷашнвора ва рӯзҳои таърихӣ амали мазкур аз ҷониби кормандон ва муассисаҳои бонк такрор хоҳад ёфт», таъкид намуданд дар ин хусус Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова.

Март 25, 2010 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад