АСАРИ САҲНАВИИ ТЕАТРИ ТОҶИК ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ НАМОИШ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Асари саҳнавии Театри давлатии драммавии русии ба номи В.Маяковский «Шаби охирини Суқрот» моҳи апрели соли равон дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳо таҳти унвони «Мулоқотҳо дар Русия» пешкаши тамошобинон гардонида мешавад, ки дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор мегардад. Коргардони намоишнома Баҳодур Миралибеков ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки айни ҳол машқи асари саҳнавӣ дар театр давом дорад. Ҳунарпешагон нақшҳояшонро мувофиқи талаботи тамошобинони Русия такмил медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳунарпешагони Театри драммавии русии ба номи В.Маяковский дар озмуни мазкур бори дуюм ширкат меварзанд. Дар озмуни гузашта асари саҳнавии «Ниёиш» дар таҳияи коргардон Барзу Абдураззоқов сазовори ҷоиза гардида буд. Асари саҳнавии «Шаби охирини Суқрот» чандин аср пеш навишта шуда бошад ҳам, мазмуну мундариҷаи он то ҳол аҳамияти худро гумм накардаанд. Дар асар Суқрот, ҳамсари ӯ ва посбон дар бораи зиндагии худ, проблемаҳои замона ва роҳҳои ҳалли онҳо сухан меронанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






