БАНГДОНА – АЗ ДАСТ БА ДАСТ

Март 12, 2010 18:01

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакилонаи дар минтақаи Кӯлоб будаи ВКД, шаҳрванд Илҳом Шарипов, соли таваллудаш 1980,  сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз остини чапи куртаи И. Шарипов 110 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Тафтишот муайян намуд, ки И. Шарипов ин маводи нашъадорро аз Олимхон Одинаев соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Кӯлоб гирифтааст. Ҳамчунин, дар натиҷаи азназаргузаронии хонаи О. Одинаев ба миқдори 690 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Март 12, 2010 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад