«БАРҚИ ТОҶИК» МИЗОҶИ «ҚӮРҒОНТЕППАТРАНСФОРМАТОР» НЕСТ, ЧАРО?

Март 9, 2010 10:31

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори   «Қӯрғонтеппатрансформатор» Зикрулло Бекмадов, ҷумҳурӣ дар давоми сол ба 500 – 600 трансформатори истеҳсол кардаи корхонаи мазкур эҳтиёҷ дорад. Ширкати «Барқи тоҷик», ки фармоишгари асосии корхонаи «Қӯрғонтеппатрансформатор» маҳсуб меёбад, аз чӣ бошад, ки дар давоми соли 2009 аз трансформаторҳои истеҳсолкардаи ин корхона ягонтоашро харидорӣ накардааст. Ба гуфти директор дар замони шӯравӣ корхона то 7 ҳазор трансформатор истеҳсол менамуд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи он нафақат   Ҷӯмҳурии Тоҷикистонро,  балки тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бо маҳсулоти хушсифати худ таъмин менамуд. Алҳол роҳбарияти корхона боварӣ дорад, ки  маҳсулоти истеҳсолкардаи  он нафақат дар дохил, балки дар   хориҷи кишвар низ харидори зиёд пайдо хоҳад кард. Бо пайваст шудани хатти нави барқи Тоҷикистон – Қундуз – Кобул — и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон корхонаи «Қӯрғонтеппатрансформатор» бозори нави худро пайдо хоҳад кард.  

Март 9, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад