БАРРАСИИ МАВЗӮЪҲОИ МУҲИМИ СИЁСИИ ҶАҲОНӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 31 марти соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои гиополитикиии кишварҳои ҷаҳон ва минтақа» баргузор мегардад. Дар кофронс мавзӯъҳои Эрон ва Тоҷикистон; оғози марҳалаи навин дар муносиботи стратегӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия дар низоми ягонаи амниятӣ, Ховари Миёна дар соли 2011; тағйирот дар мавқеъҳои бозигарони геополитикӣ, мавқеи ҷуғрофиёи сиёсии Тоҷикистон; фурсатҳо ва ҷолишҳо, манфиатҳои геополитикии бозигарони асосӣ дар Афғонистон ва мавзеъгириҳои Тоҷикистон, Лоиҳаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷаҳони секулярӣ, ислом ва Тоҷикистон ва амсоли инҳо баррасӣ карда мешаванд. Дар конфронси мазкур иштироки олимон, донишмандон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон мустақарбуда дар назар аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






