ДАРСҲОИ КУШОД БАРОИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси шўъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 март дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов доктори илмҳои санъатшиносӣ, устоди Консерваторияи давлатии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, профессор Мария Дрежина барои омўзгорони равияи мусиқӣ, донишҷўён ва аспирантҳо лексия ва дарсҳои кушод мегузаронад. Бояд қайд кард, ки чанде пеш Мария Дрежина барои омўзгорони Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии М. Атоев ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов низ семинарҳои амалию методӣ гузаронида дар бораи педагогикаи мусиқӣ ва назарияи он лексия хонд. Ба қавли сардори шўъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов, ин гуна семинарҳо таҷрибаи устодону шогирдони муассисаҳои таълимии номбурдаро боз ҳам хубтар мегардонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






