ДАСТАИ «ЭНЕРГЕТИК»ҶОИЗАДОРИ ҶОМ
Қӯрғонтеппа, 15 март (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон дастаи «Энергетик»- и шаҳри Душанбе дар бозии барои дарёфти Ҷоми Рустам Долтабоев ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» зимни сӯҳбати телефонӣ аз федератсияи футболи мамлакат иттилоъ доданд. Дар ин вохурӣ бозингарони дастаи «Энергетик» ҳарифи худ ЦСКА «Помир»- и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 4: 1 шикаст дода ба ин натиҷа ноил гардиданд. «Вақти асосӣ ва дақиқаҳои иловагии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷомид, аз ҳамин рӯ довар ба ҳарду даста зарбаҳои 11- метраро таин намуд, ки аз ин лаҳзаҳо футболбозони «Энергетик» самаранок истифода бурда ҳисобро бо задании 3- голи иловагӣ ба нафъи худ анҷом доданд», иброз доштанд дар федератсияи футболи мамлакат.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






