ДОНИШҶӮИ НАШЪАФӮРУШ ДАСТГИР ШУД

Март 9, 2010 11:45

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Аз дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар Душанбе дар рафти корҳои тафтишотӣ аз тарафи кормандони агентӣ, донишҷӯи курси 1-уми  Донишкадаи ҳуқуқ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1 килограмму 0,94 грамм афюн дастгир шуд. Баъдан дар натиҷаи кофтукови хонаи иҷораи донишҷӯи нашъафӯруш 38 килограмму 110 грамм афюни истеҳсоли Афғонистон ёфт шуд. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 39 килограмму 204 граммро ташкил медиҳад. Айни ҳол, барои дастгир кардани шарикони ӯ тадбирҳо андешида мешавад.    

Март 9, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад