ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ ДАРЁФТ КАРДА ШУД
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар вақти гузарондани амалиёти «Морфин» 17 марти соли равон аз ҷониби кормандони раёсати муборизаи бар зидди мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ, дар кӯчаи Борбади пойтахт автомашинаи тамғаи «БМВ-13» таҳти идораи ронанда Ҷомӣ Назаров, соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи ноҳияи Мӯъминобод боздошт карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии дохили боғоҷи автомашина 5 қуттии картон ба миқдори 1130 қуттии дорувории «Сумнол» ва 967 қуттии дорувории «Мезим-форте» дарёфт ва мусодира карданд. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти ВКД ҶТ, ин дорувориҳо ба шаҳрванд Умедҷон Маҳкамов, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истаравшан тааллуқ доштанд. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи иҷоравии ӯ воқеъ дар кӯчаи Борбад ба миқдори 14 ҳазору 110 қуттии дорувории «Мезим-форте» ва 700 қуттии дорувории «Сумнол» дарёфт ва мусодира карда шуданд. Баъди пурсиши кормандони раёсати мазкур маълум гашт, ки аз У. Маҳкамов 775 қуттии дорувории «Сумнол» харидорӣ карда шудааст. Мувофиқи маълумотномаи ташхисии Хадамоти назоратии давлатии фаъолияти фармасевтӣ дорувориҳои гирифташуда қалбакӣ буда, 83 ҳазору 753 сомониро ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоташ идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






