ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШИ НБО «САНГТӮДА – 1»

Март 15, 2010 14:59

Душанбе,  15 март. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —   Нерӯгоҳи барқи  обии  «Сангтӯда – 1»   аз  рӯзи  аввали ба  кор  даромаданаш то  имрӯз  самарабахш  кор  мекунад. Аз  дафтари  матбуоти  нерӯгоҳ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  дар  ин  ҷо   аз  1 октябри  соли  2009  то  имрӯз  зиёда  аз 880 миллион  киловатт – соат  қувваи  барқ  истеҳсол  карда шуд. Дар  давоми  моҳҳои  январу  феврали  соли  2010   иқтидори  нерӯгоҳ 12  фоиз зиёд  карда шуд. Дар  давоми  ду  моҳ  дар  ин  ҷо  369,4   миллион  киловатт – соат  қувваи барқ  истеҳсол  гардид.  Ҳоло  ҳар   шабонарӯз  дар  нерӯгоҳ ба  ҳисоби  миёна  6,76  миллион  киловатт – соат   қувваи барқ  истеҳсол карда  мешавад. Директори  генералии  НБО «Сангтӯда – 1» Владимир  Белов  зикр  кард, ки  айни  ҳол  тақрибан  15  фоизи   ҳаҷми  умумии  қувваи  барқро дар  Тоҷикистон  ҳамин  нерӯгоҳ  истеҳсол  менамояд. Мавсими аввали  фаъолияти  нерӯгоҳ  нишон  дод, ки  сифати  сохтмони он  хеле  хуб  буда,  дар  бобати  таъмини  аҳолии  мамлакат  бо  қувваи барқ  саҳми  арзанда   мегузорад.

Март 15, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад