ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ ВАФОТ КАРД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари нахустини тоҷик, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок дошт, қаҳрамони нахустини Спартакиадаи халқҳои ИҶШС, устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС, қаҳрамони дувоздаҳкаратаи варзиши ИҶШС, нахустин тренери хизматнишондодаи ИҶШС Иброҳим Ҳасанов дар сини 73 — солагӣ вафот кард. Ӯ солҳои охир ба дастаи мунтахаби қаиқронони Ҷумҳурии Исломии Эрон машқ медод. Иброҳим Ҳасанов соли 1937 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ варзишгари соҳаи қаиқронӣ, устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС, тренери хизматнишондодаи ИҶШС, барандаи ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, номзади илми тибб, профессор, вакили Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон мебошад. И.Ҳасанов Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Бародарон Юрий Лобанов — қаҳрамон ва барандаи ҷоизаи биринҷии бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони ҳашткаратаи варзиши ҷаҳон ва Михаил Лобанов – қаҳрамони дукаратаи варзиши ҷаҳон ва дигарон шогирдони Иброҳим Ҳасанов мебошанд. Ӯ солҳои тӯлонӣ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва нахустин раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон буд. И.Ҳасанов ҳамчун мураббии барҷастаи соҳаи варзиши Тоҷикистон дар асри 20 эътироф гардидааст. Мавсуф бо ордени «Нишони ифтихор», ифтихорномаҳои Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон ва медалҳои сершумор мукофотонида шудааст. Ҷасади И.Ҳасанов аз Эрон ба ватан оварда мешавад. Маросими ҷаноза 4 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. И.Ҳасанов дар қабристони Лучоб дафн карда хоҳад шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






