ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ЯДРОӢ

Март 18, 2010 10:08

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Дирӯз  дар  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  озмоишгоҳи  Агентии  таъмини  бехатарии   ядроӣ   ва   радиатсионӣ  кушода шуд. Дар  маросими  ифтитоҳи  озмоишгоҳ  муовини раиси  Академияи  илмҳо Хуршед  Каримов,  директори агентӣ Ӯлмас  Мирсаидов,  намояндагони  баъзе  вазорату  идораҳо,  созмонҳои байналмилалӣ ва  хабарнигорон  ширкат  варзиданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   озмоишгоҳи мазкур  бо  кӯмаки  молиявию  техникии  баъзе  созмонҳои  байналхалқӣ,  аз ҷумла, Агентии  байналхалқии  энергияи  атом, Маркази   байналмилалии  илмию  техникӣ  ва   сафоратхонаи  ИМА  дар  Тоҷикистон  бунёд  карда шуд. Озмоишгоҳ   аз шӯъбаҳои  радиохимия,  спектроскопияи  ядроӣ  ва  тармими  дастгоҳҳои  ядроӣ   иборат  буда,  дар  он   15 мутахассис  кор  мекунад. Мутахассисони озмоишгоҳ  дар  шаҳрҳои  Вилнюс, Вена, Минск, инчунин  дар  Олмон,  Ҷопон, ИМА, Украина  ва  Русия  таҷриба  омӯхтанд. Мутахассисони озмоишгоҳ   миқдор  ва  ҳаҷми  моддаҳои  ядроӣ ва  радиоактивиро   дар таркиби  обу  хок  ва  ҳаво  муайян  карда,  сифати  кори  дастгоҳҳои   рентгениро  назорат  намуда,   таъсири  шуои  радиоатсиониро  ба  муҳити  зист  месанҷанд.

Март 18, 2010 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад