ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ

Март 12, 2010 16:52

Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-12 март дар шаҳри Душанбе Созишномаи грантии Ҳукумати Ҷопон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи умумии 282 ҳазору 172 доллари америкоӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷатро Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма, раиси ноҳияи Рашт Маҳмадҷон Давлатов, муовини аввали раиси ноҳияи Роштқалъа Фазлиддини Иброҳим, муовини раиси ноҳияи Панҷ Хайриниссо Кенҷаева дар хузури вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов  имзо карданд. Созишномаи  мазкур дар доираи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Тибқи ин Созишнома барои амалӣ гардидани «Лоиҳа оид ба муҷҷаҳаз гардондани мактабҳои ноҳияи Рашт бо таҷҳизоти мактабӣ», Ҳукумати Ҷопон 95 ҳазору 809 доллари америкоӣ, барои татбиқи «Лоиҳа роҷеъ ба барқарорсозии мактаби миёнаи № 27 –и ноҳияи Роштқалъа» бошад 90 ҳазору 939 доллари америкоӣ ва барои амалӣ сохтани «Лоиҳаи азнавсозии мактаби №24-и ноҳияи Панҷ, ки аз сабаби обхезӣ вайрон шудааст» 95 ҳазору 425 доллари ИМА ҷудо намудааст. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба рушди соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Март 12, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад