ИНТИҚОЛИ ГАЗИ ТАБИЙ АФЗУД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои охир интиқоли гази табиӣ аз ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя ба Тоҷикистон афзуда, дар як соат ба 23 ҳазор метри мукааб расид. Қайд карда шуд, ки гази табиӣ асосан барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти баъзе корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, «Тоҷиксемент» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» сарф карда мешавад. Қабл аз ин аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар як соат ҳамагӣ 15 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дода мешуд. Тоҷикистон қарзи гази истифодашударо ба Ӯзбекистон ба маблағи 1,7 миллион доллари ИМА пардохт. Баъди ин ҳаҷми интиқоли газ зиёд карда шуд. Аз аввали соли равон ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 30,4 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба хамин даврваи соли 2009 — ум 36,8 миллион метри мукааб кам аст. Дар худи ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз тақрибан 47 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истеҳсол карда мешавад, ки асосан ба шаҳри Қӯрғонтеппа дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар ёдовар мешавад, ки тибқи паймони бадастомада Тоҷикистон 1000 метри мукааб гази табииро аз Ӯзбекистон ба маблағи 231 доллари ИМА мехарад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






