ИНТИХОБИ ЗАН БА ВАЗИФАИ МУОВИНИ РАИСИ СУДИ ОЛИИ ҶТ
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-4 март бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ дар иҷлосияи 24-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон палатаи болоии парлумони мамлакат оиди бозхонд намудани Басбӣ Холова аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш ризоият дод. Ҳамчунин, дар асоси пешниҳоди Сардори давлат, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудании Басбӣ Холова ва муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуҷаббор Сатторов ризоият дод. Бояд зикр кард, ки Абдуҷаббор Сатторов қаблан дар вазифаи раиси суди ҳарбии горнизони Душанбе фаъолият мекард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






