ИНТИХОБОТИ ММ МО ШУРӮЪ ШУД

Март 25, 2010 11:35

Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар ҷумҳурӣ интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар ин хусус аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Дар интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 номзад  ба қайд гирифта шудааст. Ҷиҳати интихоби аъзоҳои палатаи болоии парлумони мамлакат 5 ҳавзаи интихоботӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва  шаҳри Душанбе кушода шудааст.  Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буда, 10 сол муқаддам таъсис дода шудааст. Ҳайати он аз 34 нафар иборат аст. 25 нафар узви Маҷлиси миллӣ тавассути интихобот аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб карда мешаванд. 8 нафари дигар аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд. Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба таври доимӣ якумр узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Март 25, 2010 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад