ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Қабл аз чошти имрӯз дар Қасри миллат дар фарҷоми мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов силсилаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла изҳороти муштараки сарони ҳар ду кишвар имзо карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқа, информатика, стандартизатсия, метрология, сертификатсия, акредитатсия, ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат барои солҳои 2010 – 2011, ҳамкории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адолати Туркманистон, ҳамкории Вазорати нақлиёту алоқаи Тоҷикистон ва Хадамоти миллии давлатии «Роҳҳои ҳавоии Туркманистон», инчунин ҳамкории Кумитаҳои миллии олимпии ҳар ду кишвар созишномаю қарордод ва барномаю протоколҳои байниҳукуматӣ имзо намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






