КӮМАК БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНИЁНИ АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ

Март 31, 2010 12:01

Маскав,  31 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  Котиби  матбуоти  Сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Русия Шоҳин  Самадов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар  шӯъбаи  муҳоҷирати  Хадамоти   консулгарии  сафоратхона  ҳуҷҷатҳои  марбут ба  расонидани  кӯмаки  моддӣ ба  аҳли  оилаҳои  се  нафар  шаҳрванди  бар  асари  амалиёти террористӣ дар метрои  Маскав  ҳалокшудаи  Тоҷикистон – Умед  Абдураҳмонов,  Нодирбек  Қаршиев  ва  Исломҷон  Эшназаров  ба расмият  дароварда шуданд.  Мувофиқи ҳуҷҷатҳо  ба  аҳли  оилаҳои шахсони  ҳалокшуда  маблағи  муайяни  ҷуброн  пардохта,  ҷасадҳои  шахсони  ҳалокшуда бе  пул  ба  ватан  фиристода  хоҳанд шуд. Раёсати  ҳифзи  иҷтимоии  шаҳри  Маскав  масъалаи  расонидани  кӯмаки  моддӣ  ва  иҷтимоиро  ба аҳли  оила ва хешу таборони  шахсони  ҳалокшуда  ҳаллу  фасл  менамояд.  Корхонаи  воҳиди давлатии «Ритуал» — и пойтахти  Русия ба  ватан  фиристодани  ҷасадҳои  шахсони ҳалокшудаи  мамлакатҳои  хориҷӣ,  аз  ҷумла  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  ба  зиммаи  худ  гирифтааст.

Март 31, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад