МАРҲАБО БА ИППОДОРОМ ДӮСТДОРОНИ ҲУНАРИ АСПТОЗӢ

Март 26, 2010 15:49

Душанбе, 26 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ 28 март соати 10-пагоҳӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподором» мусобиқаи варзишӣ -аспдавонӣ баргузор мегардад. Аз Хадамоти матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ беҳтарин варзишгарон ва асптозон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, бо чусту чолокӣ ва ҳунару истеъдоди аспдавонӣ хотири тамошобинонро шод мегардонанд. Ҳадаф аз ташкили чунин мусобиқаи варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳунари аспдавонӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш буда, он чун анъана дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз дар гӯшаю канори гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ба беҳтарин астптозон ва варзишгарон аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тӯҳфаҳо, аз қабили саҳмияҳои НБО «Роғун» тақдим карда мешавад.

Март 26, 2010 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад