МАРКАЗ АЗ НАВ ЭҲЁ МЕГАРДАД
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Маркази иҷтимоӣ — эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Умар Ёров, бо кӯмаки Ҳукумати Ҷопон барои аз нав эҳё намудани маркази мазкур 74, 312 доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст. Боис ба ёдоварист, ки Маркази иҷтимоӣ — эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳанӯз соли 1957 таъсис ёфта буд ва дар он 300 нафар нобиноён кор мекарданд. Мутаассифона, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ иншооти асосӣ хароб гардида, шумораи коргарон то 37 нафар коҳиш ёфт. Акнун бо кӯмаки давлати Ҷопон ин корхона аз нав эҳё карда шуда, барои 112 нафар шахсони дорои ноқиси узви босира ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






