МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО Н. БОРДЮЖА
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Душанбе омадааст. Мусоҳибон роҷеъ ба вазифаҳои аввалиндараҷаи СААД дар бораи ба роҳ андохтани ҳамкории ҳарбию сиёсӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва таъмини амнияти босубот дар минтақаи таҳти масъулияти созмон табодули назар намуданд. Аз ҷумла, ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сиёсии берунии давлатҳои аъзои созмон ва ҳамкории он бо муассисаҳои дигари байналхалқӣ муҳокима шуданд. Н.Бордюжа дар бораи натиҷаҳои маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои СААД маълумот дод, ки 25 март дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Вай ба ҳамкории Тоҷикистон бо СААД баҳои баланд дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






