МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БО ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ
Остона, 9 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯзҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона қарор дорад. Ӯ барои боздиди корӣ ба Қазоқистон рафтааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз бо Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳо, ҳамкории дуҷониба ва нақшаҳои равнақу ривоҷи онҳо муҳокима шуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди анҷоми мулоқоташ бо Н.Назарбоев зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки «Мо дар Тоҷикистон кӯмакҳои беғарозонаи Қазоқистон ва шахсан роҳбари он Нурсултон Абишевич Назарбоевро ҳамеша эҳсос менамоем. Муносибатҳои дӯстонаи сарони ҳар ду давлат моро ба бештар ривоҷ додани муносибатҳои дуҷониба сафарбар менамояд».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






