МУОВИНОНИ НАВИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Март 4, 2010 14:13

Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 4 март бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  барои аз вазифаи муовинони Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдуҳамид Нуралиев, Мирзошариф Шарифов ва муовини Прокурори Генералии ҷумҳурӣ, сарпрокурори ҳарбӣ Юсуф Раҳмонов ризоият дод. Ҳамчунин, палатаи болоии парлумони мамлакат дар асоси пешниҳоди  Президенти ҷумҳурӣ ба вазифаи муовини аввали Прокурори Генералии ҷумҳурӣ таъин намудани Абдуқодир Муҳаммадиев,  ба вазифаи муовини Прокурори Генералии ҷумҳурӣ таъин намудани Рашид Гулмадшоев, ва муовини Прокурори  Генералии ҷумҳурӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ таъин намудани Хайрулло Саидов ризоият дод.   Бояд зикр кард, ки Абдуқодир Муҳаммадиев қаблан вазифаи сардори раёсати Прокуратураи Генералии ҷумҳуриро ба ӯҳда дошт. Рашид Гулмадшоев ва Хайрулло Саидов дар вазифаҳои прокурори Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд фаъолият кардаанд.

Март 4, 2010 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад