НАФАҚА ПАРДОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири шӯъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб Амирхон Расулов, дар моҳи феврал нафақагирони ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб бо сабаби саривақт пардохт нагардидани маблағи фонди нафақа аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, нафакаашонро гирифта натавонистанд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, қарздорӣ аз фонди нафақа дар моҳи феврал ноҳияи Восеъ ба миқдори 798 ҳазор сомонӣ, Фархор – 544, Ҳамадонӣ — 470 ва шаҳри Кӯлоб 280 ҳазор сомониро ташкил намуд. Чанд рӯз пеш аз ташкилотҳои буҷетии минтақаи Кӯлоб ба фонди нафақа 2 млн. сомонӣ гузаронида шуд ва пардохти нафақа дар ин ноҳияҳо оғоз ёфтааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






